Мақолаҳои илмии ба маҷалла пешниҳодшаванда дар доираи тартиботи ҷорӣ барои чоп қабул мегарданд. Талабот барои тартиб додани шакли ниҳоии матни мақола дар сафҳаи охири ҳар як шумораи маҷалла чоп карда мешавад.
Ҳангоми қабули шакли дастнависи мақола, корбарони маҷалла нисбат ба мундариҷа ва риояи талаботи асосӣ ба муаллиф хабар медиҳанд ва он норасоиҳое, ки дар мақола ҷой доранд, аз ҷониби муаллиф бояд бартараф карда шаванд.
Сипас мақолаи илмӣ дар доираи талаботи ҷорӣ аз ҷониби аъзоёни ҳайати таҳририя ва ё мутахассисони соҳаи дахлдор (номзадҳо ва докторони илм) ташхис мегарданд.
Мақолаи илмии барои чоп қабулгардидае, ки ба ислоҳ ва илова ниёз дорад, бо нишон додани тавсияҳои муқарриз ва муҳаррир ба муаллиф (он) фиристода мешаванд. Муаллиф (он) бояд камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, шакли ниҳоии матни чопӣ ва электронии мақоларо бо дастхати пештарааш ба маҷалла пешниҳод намояд. Баъди ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мақолаи илмӣ такроран барои тақриз супорида шуда, ба тавсияи муқарриз аз ҷониби ҳайати таҳририя барои чопи он иҷозат дода мешавад.
Раванди тақриздиҳӣ ба мақолаҳои дастнавис ошкоро намебошад. Паҳн намудани хабар дар бораи раванди тақриздиҳии мақолаи дастнавис боиси поймол гардидани ҳуқуқи муаллиф мегардад. Муқарризон барои нусхабардорӣ намудани матни мақола ва истифода намудани он барои эҳтиёҷоти худ ҳуқуқ надоранд.
Муқарризон, инчунин аъзоёни ҳайати таҳририя то нашри мақола иттилооти дар матни дастнависи мақолаи ҷойдоштаро ба манфиати худ истифода бурда наметавонанд.
Copyrights © 2018 All Rights Reserved. Powered by breaktime.